Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019. Яман -ҳамгурӯҳи мо. Маълумотномаи «Ховар»

Февраль 2, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 02.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Яман баъди  қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2019 дар гурӯҳи « F» бо дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, Филиппин ва Непал қувва меозмояд. Мо пештар дар бораи дастаи мунтахаби Филиппин ба Шумо маълумот додем ва акнун фурсати Яман фаро расид. Муаррифиномаи «Ховар» дар бораи дастаи мунтахаби Яман, ки нисбат аз Тоҷикистон ва Филиппин аз рӯи раддабандии нави ФИФА поён меистад, ба таври зер матраҳ шуд.

Дастаи мунтахаби футболи Яман тобеи федератсияи футболи Яман мебошад ва дар таснифоти ФИФА дар зинаи 149-ум қарор гирифтааст.  То соли 1990 дар кишвари Яман ду дастаи мунтахаби футбол амал мекард, Ямани шимолӣ ва Ямани ҷанубӣ.  Яман ба ду давлати алоҳида ҷудо шуда буд ва баъди муттаҳид шудани ду давлат дар соли 1990 футболи он ҳам мутаҳид гардид.

Дастаҳои мунтахаби Ямани Шимолӣ ва Ҷанубӣ ягон маротиба ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат нагирифтаанд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам дастовардеро соҳиб нашудаанд.

Соли 1994 дар аввалин ширкаташ дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Ироқ, Чин, Урдун ва Покистон нахустин ғалабаашро бар дастаи мунтахаби Чин (1:0, Чин барандаи медалҳои Чемпионати Осиё 1992 буд) ба даст овард ва дар гурӯҳ сазовори ҷои сеюм гардид.

Бештари ҳунарнамоии футболбозони Яман дар мусобиқоти сатҳи Осиё, аз ҷумла кишварҳои араб ва ҷаҳон дар гурӯҳҳо бо ишғоли зинаи сеюм ҷамъбаст шудааст.

Яманиҳо дар маҷмӯи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 32 вохӯрӣ барпо карда, дар 10 бозӣ ғолиб омадаанду 10 –тоашро бо мусовӣ ва 12-тои дигарашро бо бохт анҷом додаанд.

Дар сатҳи бозиҳои Осиё дар 26 вохӯрӣ 9 ғалаба, 2 мусовӣ ва 15 бохтро ба худ ихтисос додаанд.

Дастаи мунтахаби Яман бо Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом додааст. Ҳанӯз 2-юми январи соли 2009 дар варзишгоҳи «Али Мӯҳсин Алмурайшӣ» -и шаҳри Санъо футболбозони Яман бар дастаи мунтахаби кишварамон бо натиҷаи 2:1 пирӯзӣ ба даст овардаанд. 30-юми  декабри соли 2010 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии дуюми дӯстона тавонист дар ҳамин варзишгоҳ, дар Яман дастаи мунтахаби ин кишварро бо ҳисоби 1:0 мағлуб созад.

Ба дастаи мунтахаби Яман аз соли 2012 инҷониб Самӣ Ҳасан Солеҳ машқ медод ва ҳоло онро Амин Ассинейнӣ, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Яман аз соли 1985 то 1992 ба ҳайси дарвозабон бозӣ кардааст, тамрин медиҳад.

Соли гузашта дастаи мунтахаби то 23-солаи Яман дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ҳамин синну сол дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2016 дар гурӯҳи «Д» бо натиҷаи 2:1 мағлуб кард.

Дастаи мунтахаби Яман дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон -2018 дар гурӯҳи «Н» бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Кореяи Халқӣ-Демократӣ (ҶХДК), Филиппин, Баҳрайн барои роҳхат ба даври минбаъда мубориза бурда, чунин натиҷаҳоро нишон дод.

Яман – ҶХДК  0:3

Яман – Филиппин   0:2

Ӯзбекистон – Яман  1:0

Яман – Баҳрайн        0:4

ҶХДК – Яман  1:0

Филиппин – Яман     0:1

Яман – Ӯзбекистон   1:3

Баҳрайн – Яман          3:0

Ҷадвали гурӯҳ

 

Гурӯҳи H

  Дастаҳо   И Б Ғ М Б Тӯбҳо +/-
1. Ӯзбекистон   21 8 7 0 1 20-7 13
2.  ҶХДК.   16 8 5 1 2 14-8 6
3. Филиппин   10 8 3 1 4 8-12 -4
4. Баҳрайн   9 8 3 0 5 10-10 0
5. Яман   3 8 1 0 7 2-17 -15

 

Футболбозону мураббиёни мо ҳадс мезананд, ки дастаҳои гурӯҳи мо миёнаанду имконияти ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 баромадан барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон осон аст. Кош ҳамин тавр бошад. Вақт нишон медиҳад, ки кадоме аз ин дастаҳо қудратмандтар аст.

Февраль 2, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид