Дар 31-умин Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд мела» ҳунару фарҳанги тоҷикон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва тарғиби фарҳанги куҳанбунёди мардуми тоҷик ҳайати 15-нафараи Тоҷикистон дар 31-умин Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд мела», ки дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар фестивали мазкур намояндагони санъати зиёда аз 30 кишвари дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду самт: ҳунарҳои халқӣ ва барномаи консертӣ комёбиҳои худро намоиш дод, ки аз ҷониби тамошобинон ва махсусан Корпуси дипломатии муқими Ҳиндустон хуб пазируфта шуд.
Дар мавзеи баргузории намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистон маҳсулоти ҳунарҳои халқиро аз чаҳор минтақаи кишвар ба намоиш гузошт, ки меҳмонон ва тамошобинон ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Ҳамчунин ҳунармандони тоҷик ҳамарӯза дар барномаи консертие, ки дар саҳнаи асосии фестивал доир гардид, ҳунарнамоӣ намуданд.









«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид






