Дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ 50 масъала баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. 50 масъалаи фарогири ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврал дар Душанбе баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон баъд аз шунидани ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016, чор қонуни нав-қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ва «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин дар иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупся», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро раисон ва муовини раиси кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Қаноатшо Лоиқзода, Фарҳод Раҳимӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раҳмоналӣ Амирзода ва Муҳаммадисуф Имомзода тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадафи қонунҳои мазкур ба такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудан ба талаботи дигар қонунҳо, аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо, инчунин таҳкими волоияти қонун дар кишвар, муборизаи беамон бар зидди ҳар гуна хатар ва таҳдидҳои замони муосир, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ дар кишвар нигаронида шудааст.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ду қонун- «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро ҷонибдорӣ накарданд ва ба Маҷлиси намояндагон баргардонданд. Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ҳамзамон номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон иваз карда шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






