Дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарики тиҷоратии хеш- Туркия ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Туркияро доир менамояд.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, ҳамоиш 16 феврали соли равон соати 11:30 дар меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки муовини Сарвазири Туркия баргузор мегардад.
«Мақсади ҳамоиш- ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад»,- иттилоъ доданд аз Палатаи савдо ва саноат.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






