Дар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз ярмаркаҳои фурўши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврўз ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ қарори иҷрокунандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурўши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз — 2017 дар шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ аз 18 то 20-уми марти соли 2017 дар таваққуфгоҳи назди КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», кўчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон) барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Рўдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дўстии халқҳо» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор мегарданд.
«Тибқи ин қарор вазорату кумитаҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгўй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ вазифадор гардиданд», — афзуд манбаъ.








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






