Дар Душанбе гурўҳи муштараки таблиғотӣ таъсис ёфт

Февраль 20, 2017 12:13

ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ қарори иҷрокунандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таъсис додани гурўҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид.
Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, ҳамчунин зикр намуданд, ки тибқи қарори мазкур бобати анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳо дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи муштараки таблиғотӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои гурўҳи мазкур тасдиқ гардидааст.
«Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт барои ташкили вохўриҳои мазкур вазифадор гардида, бояд ба фаъолияти гурўҳи муштараки таблиғотӣ мусоидат намоянд», — афзуд манбаъ.

Февраль 20, 2017 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд