Дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид

Февраль 7, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид, ки дар кори он вакилон, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохтору муассисаҳои шаҳрӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум бо ташаббуси як гурӯҳ вакилон, дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе даъват гардида, таҳти раёсати куҳансолтарин вакили Душанбе Зариф Шарифов сурат гирифт.
Ба рӯзномаи иҷлосия баррасии масъалаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017, №802 «Дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Душнбе озод кардани Маҳмадсаид Убайдуллоев», пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62, таъйин намудани интихобот дар ҳавзаҳои номбурда, таъсис додани комиссияи шаҳрӣ оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҷараёни омодагиҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврўз-2017» ворид гардиданд.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар оғози иҷлосия вакилони халқ мутобиқи моддаҳои 8, 9 ва 18 -и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарорро дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Душанбе озод кардани Маҳмадсаид Убайдуллоев тасдиқ карданд.
«Иштирокчиёни иҷлосия масъалаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои №25 ва № 62 Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Фирӯз Улмасовро, ки бо ариза барои пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои вакилиашон ба Маҷлиси вакилони шаҳр муроҷиат намуда буданд, баррасӣ намуда, дар асоси қонунҳои амалкунада, барои пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакилони халқ аз ҳавзаҳои №25 ва №62 розигӣ доданд», — зикр кард манбаъ ва илова намуд, ки мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки 2 апрели соли 2017 ба ҷои вакилони хориҷшуда, дар ҳавзаҳои интихоботии №25 ва №62 интихобот гузаронида шавад. Дар ин робита комиссияи шаҳрӣ дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шуд.
Иштирокдорони иҷлосия оид ба масъалаи ҷараёни омодагӣ ба таҷлили Иди байналмилалии «Наврўз-2017» маълумоти Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанберо шунида, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави пойтахт ба ифтихори ин санаи фархунда вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тасмими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо бобати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ амалӣ намудани ин чорабинии муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, оид ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Февраль 7, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад