Дар километри аз 48 то 73- юми роҳи Душанбе- Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрўз бинобар боришоти шадиди барф ва тармафароии зиёд бо мақсади таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе- Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр карданд, ки дар айни замон техникаҳои пуриқтидори филиали ширкати мазкур дар ин мавзеъ фаъолият дошта, барои дар наздиктарин муҳлат таъмин намудани имконияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири зикршуда талош доранд.
«Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёти дар ин масир қарордошта онҳо ба ҷойҳои бехавф интиқол дода шуданд. Дар дигар минтақаҳои роҳ, сарфи назар аз номусоидии вазъи боду ҳаво ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин буда, роҳ аз барф тоза гардида, ба он маводи зиддилағжиш пошида мешаванд», — афзуд манбаъ.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






