Дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и Душанбе соли 2018 барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад

Февраль 28, 2017 11:34

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 27 феврали 2017 «Дар бораи барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91, тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе дар соли 2020» ба тавсиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур ташкили тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91 шаҳр ва барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Ҳамчунин тибқи ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст ки дар асоси пешниҳоди Агентии мазкур дар шаҳри Душанбе барои дарёфт намудани манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2017 чораҷўӣ намояд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои 2018, 2019 ва 2020 оид ба маблағгузории чорабиниҳои давраи тайёрии барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳр, тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 маблағҳои заруриро дар моддаи алоҳида пешбинӣ намояд.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил то 1 апрели соли 2019 якҷо бо Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе» номи кўчаҳо, рақами хона ва манзилҳои маҳаллаҳои ноҳияҳоро ба тартиб дароварда, бо лавҳаю рақамгузорӣ таъмин намоянд.
Инчунин то 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии ноҳияҳои шаҳрро якҷо бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе тартиб дода, бо муайян намудани сарҳадҳои ноҳияҳои шаҳр ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
То 1 сентябри соли 2019 якҷо бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои ноҳияҳои шаҳр зиндагӣ мекунанд, тафтиш намоянд.
Ҳамчунин тибқи ин қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бояд Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе бо назардошти тавсияҳои сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои тайёр намудани маводи нақшаю харитасозӣ мусоидат намуда, дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, нақшаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба миқдори зарурӣ нусхабардорӣ ва пешниҳод намоянд.

Февраль 28, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд