Дар натиҷаи фаромадани тарма дар ноҳияи Сангвор 1 нафар ноболиғ ба ҳалокат расид

Февраль 22, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 22.02. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҷалби наҷотдиҳандагони кумита, кормандони тиббӣ, раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ субҳи имрӯз ба деҳаи Роғаи мавзеи Дараи калпи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Сангвор парвоз карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд.
Натиҷаи сафар нишон дод, ки дарҳақиқат ба деҳа тармаи калон фаромада, дар натиҷа Хайриддин Иброҳими ноболиғ — соли таваллудаш 2006 ба ҳалокат расидааст. Дигар талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Тарма ба оилаи Шермуродовҳо зарар расонид. Ба онҳо озуқа, либосворӣ ва лавозимоти хоб кумак расонида шуд.
Айни ҳол корҳо барои барқарор намудани хоҷагии мазкур идома доранд.

Февраль 22, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд