Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳолатҳои дуздии кувваи барқ ошкор гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни баргузории тадбирҳои мақсадноки кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он далелҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар нонпазхонаи хусусии сокини кӯчаи Крупская 8 «б»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдурофеъ Ҳайдарови 44-сола ошкор карда шуд.
Тавре аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар доданд, зимни гузаронидани ин тадбирҳо муайян гардид, ки бародарзодаи ӯ Зиёдулло Ҳайдаров, соли таваллудаш 1978, зодаи ноҳияи Нуробод дар ду танӯр худсарона бо истифода аз қувваи барқ ба пухтани нону кулча машғул шуда, ҳамчунин чанд муддат аст, ки ҳаққи истифодаи қувваи барқро низ напардохтааст. Маблағи он наздик ба 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Чунин як ҳолати дигари истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар нонпазхонаи хусусии соҳибкори инфиродӣ Гулнигор Бобоева, соли таваллудаш 1973, вокеъ дар кӯчаи Крупская 8 «а» низ ошкор гардид. Маълум шуд, ки Гулнигор Бобоева на танҳо даст ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ задааст, инчунин ӯ талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва санитарию гигиениро чун ҳамсояаш Абдурофеъ Ҳайдаров дар дӯкони нонпазиаш дидаву дониста сарфи назар намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






