Дар пойтахт корҳои омодагӣ барои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти кишвар тибқи қарори иҷрокунандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 феврали соли 2017 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз- 2017 дар шаҳри Душанбе» бобати бо истифода аз суннатҳои ниёгон зебою мондагор, дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ ва бадеӣ истиқбол намудани ҷашни бостонии Наврӯзи дилафрӯз корҳои омодагӣ оғоз ёфтанд.
Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр карданд, ки дар пойтахт Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2017 таъсис ёфта, нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр таҳия ва тасдиқ гардид.
«Тибқи қарори мазкур роҳбарони идораву муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидори шаҳр оид ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташкили барномаҳои идона, сайругашти оммавию фароғатии сокинони пойтахт, иҷрои ҳатмии вазифаҳои дар нақша пешбинишудаи муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони идораю созмонҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута барои таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зидди сӯхтор, ёрии тиббӣ ва беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар ҳудуди шаҳр, хусусан ҷойҳои баргузории чорабиниҳои оммавию фароғатӣ, ҳамчунин барои ороиши наврӯзӣ, зебу зиннатдиҳии биноҳо, ободонии атрофи онҳо ва то 15 март ба итмом расондани маҷмӯи корҳои дигари омодагӣ вазифадор гардиданд», — афзуд манбаъ. Таъкид гардид, ки таъмини муҳтавои бадеии намоиши театришуда бахшида ба ҷашни байналмилалӣ ва иштироки санъаткорону мутахассисони беҳтарин дар маъракаҳои фарҳангии рӯзҳои ҷашн ба зиммаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио вогузор гардидаанд.
Бино ба иттилои шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ороиши бадеии шаҳрро Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» бо ҷалби кормандони варзидаи ҷумҳурӣ анҷом медиҳад. Барномаҳои асосии наврӯзӣ дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр баргузор мешаванд.
















Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






