Хуррамгардонии Душанбешаҳр–рисолати сокинони пойтахт!
ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ Ховар/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 феврали соли 2017 «Дар бораи эълон намудани 150 рўзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ» таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр- рисолати сокинони пойтахт!»» ба тасвиб расид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии шаҳри Душанбе хабар доданд, аз 1 феврал то 27 июни соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ эълон ва нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ гардид.
«Қарори мазкур сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳоро муваззаф гардонид, ки дар назди майдончаҳои бино, гулгашту боғҳо, кўчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурию маишӣ корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат дода, ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида чораҷўӣ намоянд.
Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳр, КВД таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда вазифадор гардиданд, ки дар мавзеъҳои интихобгардида бо ширкати аҳли ҷамоати шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳоро ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намуда, раванди ниҳолшинонию сабзазоркуниро пайваста тақвият бахшанд», — афзуд манбаъ.











Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






