Де Брёйне беҳтарин футболбози Белгия эълон шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари белгиягии клуби футболи «Манчестер Сити» Кевин Де Брёйне ба ҳайси беҳтарин футболбози Белгия интихоб гардид. Дар ин бора сомонаи расмии «HLN» хабар медиҳад.
Дар мубориза барои ин унвон Кевин Де Брёйне бо касби 287 имтиёз мақоми аввал, нимҳимоятгари дастаи «Челси» Эден Азар бо 164 хол зинаи дуюм ва ҳамлагари дастаи «Атлетико Мадрид» Янник Феррейра Карраско бо 159 хол ҷои сеюмро ишғол карданд.
Ёдовар мешавем, ки Де Брёйне маротибаи дуюм унвони футболбози беҳтарини солро дар Белгия соҳиб гардид.
Соли 2016 Кевин Де Брёйне дар 41 вохӯрӣ вориди майдон шуда, муаллифи 10 гол ва 12 партофти головар шудааст.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






