Эмомалӣ Раҳмон: «Заҳмату ҷасорат ва фидокориву матонати ҳомиёни содиқи Ватан ҳамеша қадрдонӣ мегардад»

Февраль 22, 2017 15:15

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар расми ифтитоҳи иншооти нави Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз заҳмату ҷасорат ва фидокориву матонати ҳомиёни содиқи Ватан изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарвари давлат дар ин робита зикр намуданд, ки Ҳукумати кишвар хизматҳои шоёни муҳофизони ҷонфидои Ватанро ҳамеша қадрдонӣ карда, дар баробари дигар дастгириҳо то имрӯз садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадиро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонидааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки танҳо дар зарфи солҳои охир ҳазорон оилаи хизматчиёни ҳарбии сохтору мақомоти гуногуни ҳарбӣ бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд ва Ҳукумати мамлакат кӯшиш дорад, ки ин равандро минбаъд низ идома бахшад.
Ғайр аз ин, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳот ва навсозии Қувваҳои Мусаллаҳ сохтмони иншооти нав ва таъмиру таҷдиди инфрасохтори мавҷуда, аз ҷумла барои Қӯшунҳои сарҳадӣ вусъат дода, ҷиҳати ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани ҳимояи марзҳои давлатӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Танҳо дар зарфи солҳои охир барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 29 дидбонгоҳу хонаҳои бисёрошёна ба истифода супорида шудааст ва бунёди боз 28 иншооти дигар идома дорад.

Февраль 22, 2017 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд