Гавҳар Шарофзода: «Фурсат расидааст, ки ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем»

Февраль 22, 2017 12:14

ШарофзодаДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон бо забони ғайридавлатӣ»-таҳти чунин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре ки мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар он вазъ ва мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони ғайридавлатӣ оид ба таълифу таҳрири китобҳои дарсӣ аз фанни забони давлатӣ барои толибилмон мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зикр намуд, ки забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кунем. Дар ин самт кӯдакистон ва мактаб, пеш аз ҳама, муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ бояд нақши бузург дошта бошанд.
«Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар гуна унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем»,-таъкид намуд Г. Шарофзода.
Дар ҷамъомад роҳбарон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, муаллифон ва муҳаррирони китобҳои дарсии забони давлатӣ, омӯзгорони забони давлатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ иштирок намуда, андешаҳояшонро иброз намуданд.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки интихоб, танзим ва истифодаи истилоҳу мафҳумҳо дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки онро бояд ҳар як фарди соҳибзабон бо масъулияти тамом бар дӯш дошта бошад.

Февраль 22, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд