Ин ҳафта дар бозиҳои 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо рекорди голзанӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рекорди голзанӣ дар бозиҳои 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо ин ҳафта дигар карда шуд. Дар ин бора сайти УЭФА хабар медиҳад.
Дастаҳое, ки дар рақобатҳои 1/8-финалии Лигаи чемпионҳои Аврупо ширкат карданд, бо задани 34 тӯб рекорди гозаниро дар ин марҳалаи бозиҳо тағйир доданд. Дар натиҷа бозии аз ҳама серголи ин мусобиқа ба вохӯрии байни дастаҳои «Манчестер Сити» ва «Монако» рост омад. Дар якҷоягӣ ин дастаҳо 8 голро ба ҳадаф расониданд. Ин нишондод дар бозиҳои дигари давр чунин буданд:
«Порту» — «Ювентус» — 0:2
«Севиля» — «Лестер Сити» — 2:1
«Байер» — «Атлетико» — 2:4
«Бавария» — «Арсенал» — 5:1
«Реал» — «Наполи» — 3:1
«ПСЖ» — «Барселона» — 4:0
«Бенфика» — «Боруссия» — 1:0
То ин маврид дар бозиҳои аввали 1/8-финалии Лигаи чемпионҳо ҳанӯз дар мавсими соли 2013-2014 ба дарвозаи дастаҳо 26 тӯб ворид шуда буд, ки ин аз нишондоди ин ҳафта 8 гол кам мебошад.
Бозиҳои ҷавобии 1/8-финалӣ 7, 8, 14 ва 15 март гузаронида мешаванд.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






