Истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Февраль 27, 2017 15:54

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлати ба мо дӯсту бародар, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ ва инъикосгари дӯстию муштаракоти қавии Тоҷикистону Россия оро дода шуда, ҳайати низомии Горди фахрӣ саф ороста буд.

Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифта, чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди сиёсиро фаро мегирад. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат баргузор мешавад. Дар доираи ин сафар, аз ҷумла мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, музокироти сатҳи олии дуҷониба, имзои бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.

Февраль 27, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон