«Кӯктош» соҳиби роҳхати аввалин ба бозиҳои ниҳоӣ аз гурӯҳи «А» гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ аз гурӯҳи «А»-и бозиҳои интихобии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе аввалин шуда, ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхатро ба даст овард. Футболбозони «Кӯктош» дар бозии охирини худ дастаи «Локомотив-Помир»-ро бо натиҷаи 6:0 шикаст доданд ва соҳиби 9 имтиёз гардиданд.
Имрӯз барои роҳхати дуюм дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» бо «Регар-ТадАз» ва КМВА «Помир» бо «Локомотив-Помир» вориди майдон мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон роҳхат мегиранд.
Ҷоми ФФТ. Минтақаи марказ. Гурӯҳи «А»
| Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | ||
| 1 | «Куктош» (Рудаки) | 4 | 3 | 0 | 1 | 12-3 | 9 |
| 2 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) | 3 | 2 | 1 | 0 | 6-1 | 7 |
| 3 | ССКА «Помир» (Душанбе) | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-1 | 4 |
| 4 | «Локомотив-Помир» (Душанбе) | 3 | 1 | 0 | 2 | 6-11 | 3 |
| 5 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-13 | 0 |
Гурӯҳи «Б»
| Б | Ғ | М | Б | Т\т | И | ||
| 1 | «Ҳосилот» (Фархор) | 3 | 3 | 0 | 0 | 11-0 | 9 |
| 2 | «Хайр» (Ваҳдат) | 3 | 2 | 0 | 1 | 4-3 | 6 |
| 3 | «Истиқлол» (Душанбе) | 3 | 1 | 0 | 2 | 3-11 | 3 |
| 4 | «Барқчӣ» (Душанбе) | 3 | 0 | 0 | 3 | 1-5 | 0 |








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






