Камерун унвони чемпиони миллатҳои Африкаро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 06.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Камерун оид ба футбол дар бозии ниҳоии Ҷоми Африка, ки дар Габон ба анҷом расид, унвони чемпиониро ба даст овард. Тавре сомонаи мусобиқа иттилоъ медиҳад, дастаи мунтахаби ин кишвар дар бозии ниҳоӣ бар дастаи мунтахаби Миср бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад.
Дар ҳайати чемпионҳо голҳоро Николя Н’Кулу (дақиқаи 59-ум) ва Венсан Абубакар (88) ба нишон расониданд. Голи Муҳаммад Энненӣ (22) ба футболбозони Миср кумак накард.
Дастаи мунтахаби Камерун маротибаи панҷум соҳиби Ҷоми Африка гардид. Охирин маротиба дастоварди ин даста ба соли 2002 рост меояд.
Футболбозони Миср дар ин бозиҳо бо ҳафт ғалаба беҳтарин нишондиҳандаи Чемпионати Африкаро дар ихтиёр доранд. Бори охир дастаи мунтахаби Миср соли 2010 чемпиони Африка гардид.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






