«Коррупсия-зуҳуроти номатлуби ҷомеа»-бардошт аз мулоқот дар Ашт
ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо мақсади аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ вохӯрии Абдуҷалол Қодирҷонзода, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия Ашт хабар доданд.
«Стратегияи муқовимат бо коррупсия аз 89 банд иборат аст. Мақсади асосии стратегияи мазкур кам кардани коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтисодиёт дар кишварро пешбинӣ мекунад»,-иброз намуд Абдуҷалол Қодирҷонзода оид ба мавзӯи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020».
Аниса Ҷалилӣ, муовини Раиси ноҳия гуфт: «Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, дар ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






