«Коррупсия-зуҳуроти номатлуби ҷомеа»-бардошт аз мулоқот дар Ашт

Февраль 27, 2017 10:09

ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо мақсади аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ вохӯрии Абдуҷалол Қодирҷонзода, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия Ашт хабар доданд.
«Стратегияи муқовимат бо коррупсия аз 89 банд иборат аст. Мақсади асосии стратегияи мазкур кам кардани коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтисодиёт дар кишварро пешбинӣ мекунад»,-иброз намуд Абдуҷалол Қодирҷонзода оид ба мавзӯи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои ‎2013-2020».
Аниса Ҷалилӣ, муовини Раиси ноҳия гуфт: «Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, дар ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст».

Февраль 27, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд