Малакаи касбии мутахассисони сохторҳои низомӣ баланд бардошта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи «Ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми амалиёти ҷангӣ» ба кори худ шурӯъ намуд.
Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар давоми даҳ рӯз дастурдеҳони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон малакаи касбии мутахассисони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти наҷот додани хизматчиёни ҳарбӣ дар майдони муҳориба баланд мебардоранд.
Тренинг аз ҷониби Шуъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






