Мария Шарапова ба майдони теннис бармегардад
ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Теннисбози маъруфи Россия Мария Шарапова баъди ҳукми Федератсияи байналмилалии теннис аз нав ба майдони рақобатҳои теннис бармегардад. Тавре портали «Sportinglife.com» хабар медиҳад, ин тенисбози шӯҳратёр дар мусобиқаи намоишии Мадрид, ки 4 май шурӯъ мегардад, ба майдон хоҳад омад. Ба ғайр аз Шарапова боз теннисбозон -Кеи Нисикории японӣ ва Фелисиано Лопеси испанӣ барои иштирок дар ин мусобиқа розигии худро додаанд.
Моҳи июни соли 2016 Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) Мария Шараповаро барои истеъмоли допинг-мелдония ба муҳлати ду сол аз бозиҳо маҳрум кард. 4 октябр Суди арбитражии варзиш (CAS) ин муҳлатро аз ду соли пешбинишуда ба 15 моҳ кӯтоҳ кард. Мария Шарапова ба нақша гирифтааст, ки 26 апрел дар мусобиқаи Ассотсиатсияи тенниси бонувон(WTA) дар Штутгарт иштирок кунад.








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






