Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Февраль 27, 2017 18:21

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд.Дар изҳороти муштарак, аз ҷумла омадааст, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд то дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Федератсияи Россия ташриф оваранд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ:

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна;

— Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017 ба имзо расид.

Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ба даст омадани тавофуқоти зиёд ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок минбаъд мусоидати фаъол менамоянд.

Февраль 27, 2017 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд