Месси аз роҳбарияти «Барселона» талаб кардааст, ки дастаро аз баъзе бозингарон тоза кунад
ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Барселона» Леонел Месси аз роҳбарияти КФ «Барселона» талаб кардааст, ки бозингарон Люки Дин, Жереми Матйе ва Андре Гомешро аз даста озод кунад. Дар ин бора сомонаи DonBalon хабар медиҳад.
Дар хабар омадааст, ки дар сурати иҷро нашудани дархости Месси ӯ шартномаи худро бо «Барселона» тамдид нахоҳад кард. Месси баъди бохт аз дастаи ПСЖ дар рақобатҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо (4:0) аз вазъи будубоши дохили даста розӣ нест.
Дин ва Гомеш тобистони соли 2016 ба «Барселона» гузаштаанд, Матйе соли дуюм аст, ки дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ мекунад.
Шартномаи Месси бо клуби футболи «Барселона» тобистони соли 2018 ба поён мерасад, аммо роҳбарияти клуб ба Месси шартномаи нави худро то анҷоми ҳунарнамоиаш дар футбол пешниҳод кардаанд. Аз рӯи хабари расонаҳо Месси дар асоси шартномаи нав дар ҷаҳон ба футболбози маошаш аз ҳама баландтарин табдил хоҳад ёфт.
«Барселона» дар бозии рафти 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо аз ПСЖ бо натиҷаи 4:0 мағлуб шуд ва бозии баргашт 8 март баргузор мешавад.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






