Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Февраль 15, 2017 13:51

ДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз гузашта ва имрӯзи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ва мушкилоту дастовардҳои он дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоти имрӯзаро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин вохӯрӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тараққиёти бемайлони он дар оянда шароити созгор фароҳам хоҳад овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал вазъи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани мушкилоти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ ва мусоидат ба таъмини рушди устувори онҳо масъулини дахлдорро вазифадор намуданд. Ба таври мушаххас вазъи соҳаҳои роҳу нақлиёт, барқу гармидиҳӣ, обу корезӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бозору марказҳои савдо, тандурустӣ, варзиш, мактабу муассисаҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, роҳбарият ва масъулони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои шаҳрӣ барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ гирифтанд. Ҳамчунин тақвият бахшидани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барои таҳким бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат тақозо карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол дар тадбирҳои ободонию хуррамгардонӣ ва фароҳамсозии пешрафту тараққиёти бемайлони шаҳри Душанберо рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини бошарафи пойтахт арзёбӣ карда, аз ҳамагон бори дигар даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои ин рисолати воло ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.

Дар анҷоми вохӯрии имрӯза доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳамарӯза ва дурнамои рушду тараққиёти бештару беҳтари шаҳри Душанбе байни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокчиёни мулоқот аз ҳисоби доираи соҳибкорону тоҷирон ва фаъолони пойтахти мамлакат суҳбати самимӣ ва мубоҳисаи судманд доир гардид.

Сипас дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипос намуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъкид бар он доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳнамунсози Сарвари давлат роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ободонию пешрафти пойтахти мамлакат тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳад намуд.

Февраль 15, 2017 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд