Муовини сардори шуъбаи кофтукови ВКД ва мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Кӯлоб барои гирифтани пора айбдор мешаванд

Февраль 24, 2017 11:09

ДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти муовини сардори шуъбаи кофтукови Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Мирзоалӣ Абдуллоев ва Баҳодур Гулмаҳмадов, мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои гирифтани пора ба маблағи калон хабар медиҳад. Тавре ки дар сомонаи Агентии мазкур омадааст, Мирзоалӣ Абдуллоев дар вазифаи муовини сардори шуъбаи кофтукови Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо мақсади қаллобӣ ба боварии шаҳрванд «А» даромада, гӯё ба воситаи шахсони масъули Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани зарари ҷабрдидагон ва минбаъд қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба писараш аз шаҳрванд «Б» 30.000 доллари ИМА, ҳамчунин аз худи шаҳрванд «А» 13500 доллари ИМА гирифта, ягон амали ваъда кардаашро иҷро накардааст.
Ҳамчунин дар сомонаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 22 феврал хабари боздошти Баҳодур Гулмаҳмадов, мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нашр гардидааст.
Дар хабар омадааст, ки Баҳодур Гулмаҳмадов дар вазифаи мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кор карда, бо роҳи фиреб ба боварии як гурӯҳ шаҳрвандон даромада, дар панҷ ҳолат дар алоҳидагӣ аз онҳо барои ҷудо намудани 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 8000 сомонӣ талаб намуда, дар маҷмӯъ 40.000 сомониро тасарруф намудааст.
Нисбат ба Абдуллоев М.Х. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба Гулмаҳмадов Б.А. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Дар робита ба боздошти муовини сардори шуъбаи кофтукови Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Мирзоалӣ Абдуллоев, дирӯз дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон раддия ба нашр расид. Дар раддия зикр гардидааст, ки Мирзоалӣ Абдуллоев, собиқ шунавандаи курси 2-юми факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, аз 1 феврали соли 2017 бо хоҳиши худ аз кор дар мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст.

Февраль 24, 2017 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд