Муроҷиат ба волидон: «Рафтани фарзандони то 20- соларо ба марказҳои дилхушӣ манъ намоед»

Февраль 21, 2017 15:10

ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки шабона рафтани фарзандони то 20-соларо ба марказҳои дилхушӣ (тарабхона, интернет- кафе ва идораҳои букмекерӣ) манъ намоянд. Зеро тибқи банди 9, қисми 1-и моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иштироки наврасон дар ин гуна ҷойҳо манъ гардидааст.
«Ҳоло санҷишҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз ноболиғон шабона ба марказҳои дилхушӣ рафта (ҳар шабонарӯз то 100 нафар фақат дар шаҳри Душанбе) дур аз мадди назари волидайн мемонанд ва даст ба кирдорҳои номатлуб мезананд»,- мегӯяд манбаъ.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми риоя накардани талаботи Қонуни мазкур волидайн ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Февраль 21, 2017 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид