Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар Бошгоҳи варзишию техникии ВМКБ
ХОРУҒ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бошгоҳи техникию варзишии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни панҷ муассисаи таълимии шаҳри Хоруғ аз намудҳои тирпарронӣ, ба рӯй кашидани ниқоби газӣ ва пайваст кардани автомати Калашников баргузор шуд. Сардори Бошгоҳи техникию варзишии вилоят Носир Мамадназарбеков изҳор дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии мо ин омода кардани наврасону ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин сабқат зиёда аз 50 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат доранд ва ҳамаи онҳо дар давоми чанд моҳ ҳамроҳи мутахассисон ва омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар бошгоҳ тамрин намуданд.
Аз намуди тирпарронӣ хонандаи синфи нуҳуми муассисаи таҳсилоти умумии рақами чоруми шаҳр Варқа Сайналиев мақоми аввал ишғол карда, бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гашт. Омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбии ин таълимгоҳ Зокир Танибеков нақши Бошгоҳи техникию варзишии Ташкилоти Ҷамиятии Мададгори Мудофиаро дар тарбияи ҳарбӣ -ватандӯстии хонандагон ва ба хизмати Модар- Ватан тайёр намудани онҳо муассир хонда, баён дошт, ки «аксарияти шогирдони собиқашон аз мактаби ин бошгоҳ гузаштаанд ва назар ба гуфтаи онҳо, ҳангоми иҷрои машқҳои тактикӣ худро хеле озоду роҳат ҳис кардаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин маҳфилҳои «Десантчиёни ҷавон», «Алоқачӣ», «Ронанда» амал мекунанд ва хонандагони мо ҳафтае се маротиба дар ин маҳфилҳо ширкат мекунанд».
Сардори Бошгоҳи техникию варзишии ТҶММ ба омӯзгорони фаъоли фанни омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ ифтихорномаҳо тақдим намуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






