Мутрибаи шоҳмотбоз пай дар пай пирӯз мешавад
ДУШАНБЕ, 11.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҷоизадори озмуни «Зебосанами шоҳмотбози Авру-Осиё -2017» Мутриба Ҳотамӣ дар ду мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шатранҷ дар Эрон ширкат карда, пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин бора шабакаи ТВ «Варзиш» хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқа, ки байни намояндагони 10 кишвари дунё дар шаҳри Ардабили Эрон сурат гирифт, Мутриба бо касби 7,5 имтиёз мақоми аввалро ишғол намуд. Ин шоҳмотбози номовару ояндадори тоҷик, ҳамчунин дар шаҳри Рашти Эрон миёни 365 довталаб аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон соҳиби мақоми дуввум шуд. Ин натиҷаҳо ба он оварданд, ки Мутрибаро ба мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Фирдавсӣ, ки аз 13-ум то 20-уми феврали соли равон баргузор мегардад, даъват кардаанд.
Мутриба ҳоло дар шаҳри Теҳрон омодагиро ба муосбиқаи мазкур идома медиҳад.
Мутриба Ҳотамӣ дар Душанбе соли 1997 дар оилаи мураббии мумтозу моҳир ва шоҳмотбози маъруф байни бонувони кишвар Саодат Одинаева ба дунё омадааст. Ӯ 14 маротиба унвони қаҳрамони Тоҷикистонро миёни шоҳмотбозони то 20 сола ба даст оварда, 3 маротиба унвони чемпиони Тоҷикистонро байни бонувон аз худ намудааст.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






