Нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Асмоӣ» пеш аз бозии ҷавобӣ
ДУШАНБЕ, 06.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон баргузор шуд. 7 феврал бозии ҷавобии «Ҳосилот» ва Шоҳин Асмоӣ» дар идомаи вохӯрии интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Варзишгоҳи марказии пойтахт соати 17:00 оғоз меёбад.
Аввалан сармураббии тими меҳмонон Боир Эгамбердиев ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфта, аз лат бардоштани дарвозабони асосии «Шоҳин Асмоӣ» сухан ронд. Ӯ иттилоъ дод, ки имрӯз аз Афғонистон дарвозабони нав ба Душанбе мерасад ва дар бозӣ иштирок хоҳад кард.
«Мақсади асосии мо ба даври дигар роҳхат гирифтан аст. Аз ин рӯ нисбат ба бозии аввал тактикаи мо тағйир меёбад ва умед аст, ки он самараи хуб хоҳад дод»,-гуфт Боир Эгамбердиев.
Капитани дастаи «Шоҳин Асмоӣ» Самиъулло Муҳаммадӣ аз сабаби дигар кардани тарҳи бозӣ дар вохӯрии дуюм ин вазифаро ба Амир Шарифӣ супорид. Аз ҷавобҳои капитани нав баръало ба мушоҳида расид, ки футболбозони Афғонистон аз мағлубият бо натиҷаи 1:0 дар бозии аввал рӯҳафтода нестанд ва ба муборизаи сахту сангин омодаанд.
Сармураббии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев аз ҳамкориаш бо ширкати русиягии «маълумотрасон оид ба футбол» ҳарф зада, аз таҳлили амиқи бозии аввали дастаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта сухан ронд.
«Мо имрӯз бори дигар бозии аввалро таҳлил мекунем ва дар бозии бачаҳо тағйирот ворид хоҳем кард. Мақсади асосии дастаи мо аз аввал роҳхат гирифтан ба бозиҳои гурӯҳӣ буд ва он бетағйир боқӣ мемонад. Ҳолатҳои зиёди голзаниро истифода набурдани ҳамлагарон мавзӯи доғи роҳбарияти даста ба шумор меравад. Кӯшиш мекунем, ки аз камбудиҳои бозии пешина хулоса барорем»,-афзуд ӯ.
Ойбек Абдуғаффоров, муҳофизатгари дастаи «Ҳосилот», ки дар нишаст ширкат дошт, аз мухлисон хоҳиш кард, ки пагоҳ барои дастгирии «Ҳосилот» ба Варзишгоҳи марказӣ оянд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии авввали ин дастаҳо «Ҳосилот» бо натиҷаи 1:0 бар «Шоҳин Асмоӣ» ғолиб омад. Ягона голро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-ум ба нишон расонд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






