Ҷоми КФО: танҳо бозиҳои ҷавобӣ ғолибонро муайян мекунанд

Февраль 22, 2017 11:31

ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои аввали плей-офи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шоми дирӯз ба анҷом расиданд. Тавре дирӯз иттилоъ додем, дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 0:1 дар шаҳри Ӯши Қирғизистон аз соҳибони майдон-«Дордой» мағлуб шуд. Ба бозии баробар нигоҳ накарда, футболбозони мо аз дақиқаи 34-уми вохӯрӣ сар карда, баъди аз майдон ронда шудани Содиқ Мӯсо 10-нафара ҳунарнамоӣ карданд.
Дар нишасти матбуотии баъдибозӣ сармураббии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев аз сифати пасти майдони бозӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт: «Дар чунин майдон бозии хуб нишон додан мумкин набуд. Аз тарафи дигар мо 10-нафара бозӣ кардем ва соҳибони майдон онро истифода бурданд. Ба бохт нигоҳ накарда, барои ба даври дигар гузаштан мо имконияти хуб дорем. Ин масъала аз натиҷаи бозии дуюм дар Душанбе ҳал хоҳад шуд».
Бозингари беҳтарини ин вохӯрӣ, муаллифи голи ягона Алишер Азизов (55) боварӣ дорад, ки дар шаҳри Душанбе низ дастаи «Дордой» ба пирӯзӣ комёб мегардад.
«Ташаккур ба мухлисон, ки моро дастгирӣ карданд. Ғалаба кардан хеле душвор буд, аммо кӯшиш мекунем, ки дар бозии ҷавобӣ низ ғалаба ба даст орем»-гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад. Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи марказӣ ҳамроҳ мешавад.
Дирӯз ҳамчунин дигар вохӯриҳои плей-оффи Ҷоми КФО гузаронида шуданд. «Ал-Сувайқ»-и Уммон бар «Шабоб ал-Халил»-и Фаластин бо натиҷаи 3:1 ғолиб омада, ба гурӯҳи «А» шомил шуд. Бозии аввали ин дастаҳо дар Фаластин бо нишододи 2:1 ба нафъи «Шабоб ал-Халил» (30-юми январ) ҷамъбаст шуда буд.
Дар минтақаи АСЕАН низ бозиҳои баргашт ба анҷом расиданд. «Ҳаом Юнайтед»-и Сингапур бар «Пном Пен»-и Камбоҷа бо натиҷаи 3:0 (4:3, бозии аввал) «Бейонкет»-и Камбоҷа бар «Лао Тайота» -и Лаос бо ҳисоби 1:0 (1:1) ғолиб омада, вориди гурӯҳҳои «Н» ва «F» гардиданд.
Дар ҷануби Осиё «Клаб Валенсия» бо «Моҳун Баган»-и Ҳиндустон бозиашонро мусовӣ анҷом доданд. Вохӯрии ҷавобии ин дастаҳо низ 28-уми феврал гузаронида мешавад.

Февраль 22, 2017 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст