«Ҳосилот» барои Ҷоми КФО як қадам ба пеш гузошт
ДУШАНБЕ, 01.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Ҳосилот»-и Фархор дар мубориза барои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) як қадам ба пеш гузошта, дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар ҳузури 10 000 мухлис бар мизбони ин вохӯрӣ-чемпиони Афғонистон «Шоҳин Асмоӣ» бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад.
Ин бозии аввалини таърихии дастаҳо дар сатҳи Осиё ба шумор меравад. Дар ҷараёни бозӣ тарафҳо имконияти хуби голзании зиёд доштанд, аммо ҳамлагарон аз он истифода намебурданду дарвозабонҳо маҳорати олӣ нишон медоданд. Ягона голро Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35-ум ба дарвозаи Бакташ Акбарӣ равон кард.
Бозии ҷавобии дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Шоҳин Асмоӣ» дар ҳамин Варзишгоҳи марказӣ 7 феврал барпо мегардад.
Дар робита ба бозиҳои нахустини плей-оффи Ҷоми КФО дирӯз дастаҳои «Шабоб Алхалил»-и Фаластин бар «Алсувақ»-и Уммон бо натиҷаи 2:1, «Ҳоум Юнайтед»-и Сингапур бар «Пномпен Кроун »-и Камбоҷа дар сафар 4:3 ғолиб омаданд.
Вохӯрии дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон бо натиҷаи 1:1 ҷамъбаст шуд ва «Балкан» имконияти хуби аз ин марҳала баромаданро соҳиб аст, зеро бозии баргашт дар Туркманистон мегузарад.
Дар ҳамин поя дар Осиёи Ҷанубӣ «Коломбо» -и Шри Ланка дар майдонаш аз «Моҳун Баган»-и Ҳиндустон бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд. «Симпу Сити»-и Бутан бо «Валенсия»-и Малдив вохӯриашонро мусовӣ (0:0) анҷом доданд.
Ҷоми КФО-2017
Минтақаи Осиёи марказӣ, Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
Бозии аввал
«Шоҳин Асмоӣ» (Афғонистон) «ҲОСИЛОТ» (ТОҶИКИСТОН) 0:1
Муаллифи гол: Иброҳим Рабимов, 35.
«Шоҳин Асмоӣ» (Афғонистон): Бакташ Акбарӣ (Умед Хомайнӣ, 90+5), Амонулло Сардарӣ, Саид Носир (Зайнуддин Шарифӣ, 75), Муҳаммад Руид Самандарӣ, Самиъулло Муҳаммадӣ, Амир Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ, Ризо Ярӣ (Ҳамид Ҳабибӣ, 80), Саид Муҳаммад, Фарзод Атоӣ, Ҳусайн Ализода.
«Ҳосилот» (ТОҶИКИСТОН): Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Хайрулло Азизов, 90+2), Акуффо Гершон (Абдурасул Раҳмонов, 58), Шодибек Ғаффоров (Наврӯз Рустамов, 66), Агблей Ҷонс.
Огоҳӣ гирифтанд: Самиъулло Муҳаммадӣ, Фарзод Атоӣ («Шоҳин Асмоӣ»), Иброҳим Рабимов, Агблей Ҷонс, Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»).
Бозингари беҳтарин: Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).
Довари майдон: Дмитрий Машентсев (Қирғизистон).








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






