Озмунҳо бахшида ба рӯзҳои таърихӣ дар муассисаҳои таълимӣ
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 24-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз дар бисёр муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар байни хонандагон озмунҳои гуногун баргузор гашта истодаанд.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Назмия Қулматова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иттилоъ дод, «ҳар сол бахшида ба ҳар як санаи муҳими таърихӣ мо дар байни хонандагон озмунҳои гуногун- иншои беҳтарин, расми беҳтарин, газетаи девории беҳтаринро эълон мекунем. Имсол ҳам бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмун эълон намудем».
«Баргузории ин озмунҳо дар байни хонандагони муассисаи мо ба ҳукми анъана даромадааст. Мо ба ин ҷашнҳо тайёрии ҷиддӣ мебинем. Хонандагони муассиса доир ба ин ҷашнҳо расмҳо ва рӯзномаҳои деворӣ омода карда, иншо менависанд. Аз байни онҳо мо беҳтаринҳоро интихоб мекунем. Ғолибони ин озмунҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплому ифтихорномаҳои муассиса мукофонида мешаванд»,-гуфт Назмия Қулматова.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






