Озмуни «Авто-Бону-2017» — эҳдо ба Рӯзи Модар

Февраль 14, 2017 16:51

ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар ва Соли ҷавонон Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи «Вечёрка» тасмим гирифтаанд, ки озмуни «Авто-Бону-2017»-ро баргузор намоянд.
Тавре аз РБДА Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, озмуни «Авто-Бону-2017» 4 марти соли равон соати 10:00 дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки озмун аз рӯи 5 давр- «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил), мусобиқаи «Донандагони қоидаҳои ҳаракати роҳ», рондани воситаи нақлиёт дар Автодром, «Ёрии аввалини тиббӣ», «Намоиши овезаи тарғиботӣ» гузаронида мешавад.
Ғолибони озмун бо мукофоти пулӣ- ҷойи якум 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Февраль 14, 2017 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид