Президенти Россия Владимир Путин оғози ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Февраль 22, 2017 16:41

ДУШАНБЕ, 22.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 27 феврал бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Душанбе меояд. Дар ин бора имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Қаблан ба нияти боздиди В. Путин аз Тоҷикистон  муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи  Россия Игор Шувалов низ зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия, ки дар Душанбе доир гардид, ишора карда, гуфта буд: «Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, ки пурсамар хоҳад буд». Баъдтар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар сӯҳбат ба хабарнигорон изҳор намуд, ки лоиҳаи созишномаҳое, ки бояд дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон имзо шаванд, «асосан ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо баъзе минтақаҳои Россия нигаронида шудаанд».

Сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин сафари сеюми расмӣ ва дар маҷмуъ сафари нуҳуми ӯ ба Тоҷикистон хоҳад буд. Бори охир Президенти Россия моҳи сентябри соли 2015  ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони давлатҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба Душанбе омада буд.

Хотиррасон менамоем, ки 8 апрели соли ҷорӣ ба барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия расо 25 сол пур мешавад.

 

 

Февраль 22, 2017 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд