Роҳпаймоии ҷавонони Рӯшон бахшида ба Соли ҷавонон

Февраль 14, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар маркази ноҳияи Рӯшон ба ифтихори Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 роҳпаймоӣ баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 1000 нафар ҷавонони гуногункасб ширкат варзиданд. Роҳпаймоӣ аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то бинои интернати давлатии ҷумҳуриявӣ таҳти суруди ватандӯстонаи ҷавонон ва партавафшонии парчами давлатӣ, аксҳои Пешвои миллат ва шиорҳои сиёсӣ сурат гирифт.
Дар саҳни бинои интернат, ки бо рамзҳои давлатӣ, аксҳои Пешвои миллат ва шиору овезаҳо оро ёфта буд, ҳамоиши бошукӯҳ баргузор шуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон Хоҷаназар Имомназар гуфт, ки роҳпаймоии ҷавонони мамлакат, ки имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон ҷараён дорад, шаҳодати ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чавонони имрӯза чун ворисони содиқи Оли Сомон ва пайравони фидокори Пешвои миллат дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ қарор гирифта, дар ҳифзи марзу буми Ватан бо андӯхтани илму ҳунар, такмили ахлоқу маърифат, аз худ кардани технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷанбаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона саҳмгузорӣ менамоянд.
Аз ҷониби Сарвари давлат Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 рамзӣ буда, тамоми табақаҳои аҳолиро гирди онҳо муттаҳид месозад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бо ифтихор аз муваффақиятҳои ҷавонони ноҳия дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва варзиш тамоми ҷавононро даъват намуд, ки комёбиҳояшонро афзун намуда, ҳамчун пайравони воқеии Пешвои миллат дар ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

Февраль 14, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид