Шариф Комилзода: «Артиши миллии Тоҷикистон дар 24 соли фаъолияташ рисолати бузурги хешро содиқона анҷом дод»

Февраль 21, 2017 15:28

Шариф Комилзода «Артиши миллии Тоҷикистон дар 24 соли фаъолияташ рисолати бузурги хешро содиқона анҷом дод»ДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ҷаласа Шариф Комилзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот баён дошт, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис ёфт. 23 феврали соли 1993 бори аввал намоиши паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
«Артиши миллӣ бо вуҷуди надоштани заминаи моддию техникии пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт»,- гуфт Шариф Комилзода.
Ҳамчунин директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳор намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 24 соли фаъолияташ рисолати бузурги хешро ҷиҳати ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини осоишу оромии қаламрави мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои Ватан содиқона анҷом дод. Имрӯз низ Артиши миллӣ барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои давлату миллат пайваста кӯшиш менамояд.

Февраль 21, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд