Умедҷон Шарифов ба дастаи «Машъал»-и Ӯзбекистон гузашт

Февраль 25, 2017 08:37

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва клуби футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Умедҷон Шарифов ҳунарнамоиашро дар Чемпионати Ӯзбекистон идома медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Ин бозингари 24-сола шартномаи худро бо дастаи «Машъал»-и шаҳри Муборак ба муддати як сол ба имзо расонд. Дар бораи маблағи шартнома маълумот дастрас нашудааст. Дар мавсими соли 2016 дастаи «Машъал» дар Чемпионати Ӯзбекистон мақоми 8-умро соҳиб шуд.

Февраль 25, 2017 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд