ВАО-и Россия сафари Путин ба Тоҷикистонро васеъ инъикос намуданд

Февраль 28, 2017 16:24

ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сафари Путин дар Тоҷикистон, ки 27-28 феврал доир шуд, дар ВАО-и Россия ба таври васеъ инъикос гардид.

«Ҳавои Душанбе мисли тобистон аст: офтоб дурахшон ва ҳаво то +20°С гарм аст, ба назар мерасад, ки ба сафари Президенти Россия Владимир Путин низ чунин омодагӣ дидаанд, — менависад газетаи «Аргументы и факты», — Ӯ аз Қазоқистон ба ин ҷо парвоз кард, аз фурудгоҳ тавассути кӯчаҳои ороста бо парчамҳо ва овезаҳо дар бораи дӯстии халқҳо ба Қасри миллат, ки он ҷо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медод, равон шуд».

Газетаи «Московский комсомолец» менависад: «Бо вуҷуди он ки Владимир Путин пайваста ба Тоҷикистон меояд, вале ин бор ӯро дар ин ҷо бо бесабрии хос интизор буданд.  «Ман имрӯз махсус куртаи сафед пӯшидам, на ба он хотир, ки дар Душанбе баҳор аст  (рӯзона то 18 дараҷа гарм аст), балки, барои он ки Путин омад!»,-иқтибос меорад «МК» суханони ронандаи таксӣ Дӯстмуродро.

Гап дар сари он аст, ки ин бор Дӯстмурод сафари Путинро ба беҳтар шудани ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ рабт медиҳад,- менависад «МК».

АИР «Новости» ва ТАСС суханони В. Путинро меоранд, ки мегӯяд: «Тоҷикистон-кишвари дӯстест, ки бо Россия бисёр солҳо ҳамгироӣ дорад».

«Тоҷикистон иттифоқчии муҳим ва шарики стратегии мо дар ҳамаи муносибатҳо буд ва мемонад. Ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва кори шахсии шумо дар нигоҳдории субот дар минтақа аҳамияти бузург медиҳем», — зикр намуд Президенти ФР қабл аз оғози музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки ҳайатҳо.

Сарвари давлати Россия дар бораи лоиҳаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод ёдовар шуда, хоҳиши ҳарду ҷонибро дар  рушди минбаъда иброз дошт.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Путин ба Тоҷикистонро марҳилаи нав дар рушди муносибатҳои дуҷониба унвон карда, зикр намуд, ки ин имкони хубе барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба аст ва доир ба мушкилоти мавҷудаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат мегирад.

«Мо ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ бо Россия, ки дар тамоми муносибот бо мо наздик аст, ҳавасмандем. Мутмаинам, ки чунин ҳавасмандӣ дуҷониба ва ҷавобгӯ ба манфиати умумии мост», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба навиштаи «АиФ», яке аз дастовардҳои музокирот-эҳтимоли авфи муҳоҷирони сафарашон мамнӯъ аз Тоҷикистон аст.

Сухан дар бораи нафароне меравад, ки дар айни ҳол вурудашон ба Россия барои қонуншиканиҳои хурд манъ шудааст. Рӯзнома бо таъкид ба суханони муовини аввали раиси Ҳукумати Россия Игор Шувалов хабар медиҳад, ки чунин нафарон имрӯз қариб 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Инчунин зикр гардидааст, ки «авф»-и  мазкур ба ҷинояткорон ва ё нафароне, ки «ба фаъолияти ғайриқонунӣ» машғул буданд, дахл надорад.  Шаҳрвандони Тоҷикистон бештар барои риоя нагардидани муҳлати вуруд аз кишвари мо  берун карда шудаанд. «Акнун онҳо имкони вуруди дубораро пайдо хоҳанд кард»,- хабар медиҳад рӯзнома.

Тавре ки РИА «Новости» хабар медиҳад, президентони ҳарду кишвар аввал дар доираи маҳдуд ва баъдан дар доираи васеи ҳайатҳо мулоқот намуданд.  Дар ҳайати Россия муовини аввали сарвазир Игор Шувалов, роҳбари ВКХ Сергей Лавров, вазирон Сергей Донской ва Максим Топилин, котиби матбуотии Путин — Дмитрий Песков ва аъзои ҳукумат буданд. Дар натиҷаи мулоқотҳо 7 ҳуҷҷати дуҷониба, аз қабили Созишнома  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист,  дар соҳаи алоқаи ҳарбии почта; дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади  сулҳҷӯёна; оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; ҳамкорӣ байни ВКХ-и ҳарду кишвар; дар соҳаи туризм, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба имзо расонида шуданд.

Тибқи маълумоти РИА «Новости», «ҷонибҳо самти рушди муносибатҳои ояндаи байни Россияву Тоҷикистон  ва ҳамкориро дар масъалаҳои мубрами байналмилалии рӯзмарра муқаррар намуданд».

Дар ҳуҷҷатҳо таъкид шудааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳо Путин ва Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар тӯли 25 соли муносибатҳои дипломатӣ байни Россия ва Тоҷикистон барои бунёди низоми  дуҷонибаи ҳамкорӣ ва шарикии стратегии устувор ва бузург имконият фароҳам оварда шуд».

«Президенти ФР Владимир Путин дар бораи натиҷаи вохӯрӣ ба роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақл кард. Бино ба гуфтаи Путин, дар айни замон сарварони давлатҳо дар назар доранд, ки пойгоҳи низомии Россияро дар Тоҷикистон барои ҳимояи сарҳади Афғонистон истифода намоянд. Вай инчунин илова намуд, ки Тоҷикистон давлати калидӣ дар таъмини амният ва субот дар минтақа ба шумор меравад»,-хабар медиҳад «Агентии федералии хабарӣ».

ТАСС бо ишора ба изҳороти муштараки сарварон, ки дар натиҷаи боздиди расмӣ ба Душанбе қабул гардид, менависад: «Президенти ФР Владимир Путин ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  фаъолгардонии ҷараёни ҳамгироӣ, аз ҷумла бо роҳи ошкор намудани иқтидори минтақаи озоди тиҷоратиро дар доираи ИДМ муҳим меҳисобанд.  Дар ин бора дар матни изҳороти муштараки сарварони кишварҳо  аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Путин ба Душанбе баён гаштааст.

Ҷонибҳо   муҳимияти фаъол намудани  равандҳои ҳамгироиро дар минтақа тавассути ифтитоҳи минтақаҳои озоди тиҷоратии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баён доштанд».

Ҳамчунин ТАСС иттилоъ медиҳад, ки сарони кишварҳо зарурати  таҳким ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Россия ва Тоҷикистонро дар  доираи ИДМ ва СААД таъкид намуданд.

«Ҳамзамон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон  омодагии худро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама,  дар доираи  СММ ва тақвияти  ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ  доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва сиёсати  ҷаҳонӣ  баён доштанд.

Россия ва Тоҷикистон мувофиқи изҳорот   корро дар доираи ИДМ  доир ба мутобиқгардонии ин иттиҳод ба воқеияти муосир идома медиҳанд.  Сарони давлатҳо  омодагӣ ва ҷонибдории худро ҷиҳати қабули принсипҳо   бо назардошти раисии Федератсияи Россия  дар соли 2017  дар ИДМ ва раисии қарибулвуқӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2018 таъкид карданд»,-гуфта  мешавад дар санад. Ба ғайр аз ин, роҳбарони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  омодагии худро бобати тақвияти ҳамкорӣ дар доираи СҲШ баён карданд.

«Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин  ба Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба мусоидат ва кумак  ба фаъолияти  пойгоҳи низомии  Россия дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда,  зикр кард, ки ин омили муҳими субот ва амният дар минтақа мебошад»,- зикр кардааст АИР «Новости» ва  суханони Сарвари Россияро иқтибос меорад.

«Дар Тоҷикистон  пойгоҳи низомии Россия фаъолият менамояд.  Ман ба Шумо барои таваҷҷуҳ  дар самти  ҳамкорӣ ва кумакҳое, ки Шумо ҷиҳати фаъолият ва буду боши пойгоҳи низомӣ мерасонед, арзи сипос  менамоям. Ҷои шубҳа нест, зеро он омили муҳими субот  ва амният  дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон мебошад»,- гуфт Путин.

Президенти  Федератсияи Россия ҳамзамон иброз дошт, ки омода аст   пешниҳоди Раҳмонро  доир ба таҳкими ҳамкории ду кишвар  дар соҳаи маориф баррасӣ намояд,- менависад агентии иттилоотии  Россия.

«Шумо пайваста ба масъалаи  ҳамкории гуманитарӣ бозмегардед ва ман инро хеле муҳим арзёбӣ менамоям, бахусус, ки ин ба соҳаи маориф дахл дорад.  Ва мо дар оянда пешниҳоди Шуморо бобати таҳкими  фаъолият дар соҳаи маориф,   на танҳо  дар бахши таҳсилоти олӣ, балки таҳсилоти мактабӣ баррасӣ менамоем»,- гуфт  Путин қабл аз музокироти сатҳи олӣ  дар ҳайати васеъ ва зикр кард, ки алҳол дар макотиби олии Россия 21 ҳазор  донишҷӯён аз Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 10 ҳазор нафари онҳо ба таври буҷетӣ мехонанд.

«Россия ва Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкам намудани марз бо Афғонистон тадбирҳои муштарак меандешанд». Дар ин бора Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар ҷараёни сафараш дар Душанбе иброз намуд, — хабар медиҳад РБК,-Путин зикр кардааст, ки мавқеи Россия ва Тоҷикистон ҷиҳати ба низом  даровардани вазъияти Афғонистон мувофиқ мебошад. Ба қавли ӯ, ҷонибҳо «доир ба дастовардҳои босуръати оштии миллӣ дар ин кишвар ибрози назар намудаанд».

Роҳбари давлати Россия таъкид намуд, ки Москва ва Душанбе аз афзоиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва фаъол гардидани дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ дар ташвишанд. «Дар робита ба ин ҷиҳати ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба мувофиқа расидем, ки чорабиниҳои муштаракро тақвият бахшем», — гуфтааст Путин. Барои ин  «имкониятҳои пойгоҳи низомии Росия, воқеъ дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд»,- илова намуд президент.

Агентии иттилоотии «Sputnik» суханони мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Институти кишварҳои ИДМ Андрей Грозинро меорад, ки гумон дорад «сафари Путин ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон бояд нақши нави Россия- доварӣ дар баҳсҳои минтақавиро  нишон диҳад. Президенти ФР метавонад ба кишварҳои Осиёи Миёна дар бартараф кардани зиддиятҳо кумак расонад».

Президенти Россия Владимир Путин Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ аз Россия дидан намояд. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Интерфакс» хабар медиҳад.

Дар изҳороти муштараки президентҳо гуфта шудааст, ки даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки дар ҷараёни музокироти Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки дар тӯли 25 соли муносибатҳои дипломатӣ байни Россия ва Тоҷикистон имконият фароҳам омад, ки муносибатҳои устувор ва комили низоми дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ роҳандозӣ шаванд,- хабар медиҳад «Интерфакс».

 

 

Февраль 28, 2017 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд