«Забон-оинаи тақдири миллат»-ҳамоиш ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Февраль 21, 2017 15:37

ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон-оинаи тақдири миллат» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш олимони варзидаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эътибори забони модарӣ сухан гуфтанд.
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Диловар Қодирзода изҳор дошт, ки Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (International Mother Language Day) дар Конфронси генералии ЮНЕСКО 17 ноябри соли 1999 эълон гардида, аз соли 2000 инҷониб он ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад.
«Мақсад аз эълон гардидани Рӯзи байналмилалии забон- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба беҳдошти гуногунии забонӣ ва фарҳанги нутқ мебошад. Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳифзи забони модарӣ ҳамчун унсури таркибии фарҳанги миллӣ аз мушкилотест, ки сари он бояд меросбарони забон амиқ андеша намоянд»,- зикр намуд Д. Қодирзода.
Ҳамчунин дар ҳамоиш мавзӯъҳои вижагиҳои грамматикӣ дар забони яғнобӣ, нақши зиёиёни имрӯзаи тоҷик дар ҳифзи забони миллӣ дар давраи муосири ҷаҳонишавӣ ва истифодаи оқилонаи вожаҳои шевагӣ дар ғанӣ гардонидани забони давлатӣ баррасӣ шуданд.

Февраль 21, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд