21 март – Рӯзи байналмилалии назм: шеър оинаи фазилати миллати мост
ДУШАНБЕ, 21.03.2017./АМИТ “Ховар”/. Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад. 21 март бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи баналмилалии назм» таҷлил мегардад.
Нахустин маротиба бо ташаббуси таъсиси иди шеър шоираи амрикоӣ Теса Уэбб ҳанӯз дар мобайни солҳои 30-юми асри 20 иқдом карда буд. Ӯ пешниҳод намуд, ки Рӯзи байналмиллалии шеър 15-октябр, ба шарафи зодрӯзи шоир ва файласуфи машҳур Вергилий ҷашн гирифта шавад.. Ин пешниҳод дар дилҳои бисёр касон аксуссадои нек пайдо кард ва 15 октябри соли 1951 амалӣ шуд. Рӯзи миллии шеърро на танҳо дар 38-штати ИМА, балки дар кишварҳои Аврупо низ ид мекарданд. Аммо ин ҷашнҳо расмӣ набуданд ва дар тақвимҳо низ қайд нашудаанд.
Бори аввал Рӯзи байналмиллалии назмро 21 марти соли 2000 дар Пориж таҷлил карданд, зеро идораи созмони ЮНЕСКО маҳз дар он ҷо қарор дорад. Ҳадафи асосии ҷашнгирии Рӯзи байналмиллалии назм, аввалан, таъкиди нақши бузурги шеър дар рӯзгори фарҳангии ҷомеа ва сипас баҳамоварии шоирони тамоми дунё ва додани ҳуқуқу имконият барои ҷилову зуҳури шоирон буд. Сарфи назар аз он, ки ин ид ҷавон аст, имрӯз онро дар ИМА, Аврупо, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар доираҳои ба таври кофӣ васеъ ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз одатан шабҳои назм ва мулоқот бо хонандагон ташкил дода мешаванд, ки ба онҳо на танҳо шоирони номдор, балки ҷавонони эҷодкор низ даъват карда мешаванд. Ин тантанаро на фақат шоирону хонандагони онҳо, балки шӯъбаҳои филологии мактабҳои олӣ, бисёре аз мактабҳо, идораи рӯзномаву маҷаллҳо ва фаслномаҳо таҷлил мекунанд.
Дар Тоҷикистони мо ин рӯз дар доираи чорабиниҳои Наврӯзи байналмиллалӣ чашн гирифта мешавад ва бо иштироки шоирони маъруф базмҳои шеъру суруд доир мегарданд. Соли гузашта бо дастгирии Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай, ки худ аслан ҷашни шеъру суруд аст, Ҳамоиши шоирони ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд, бо иштироки Президенти фарҳангдӯсти мо, ки шеър ва шоиронро дӯст медорад, баргузор гардид.
***
Шеър чӣ зуҳуротест, ки зиндагии инсонро бе он наметавон тасаввур кард? Оё одаме ҳаст, ки эъҷози шеър ӯро боре тасхир накарда бошад? Кист, ки дар нури фурӯзони ин гулхан дасту дилашро гарм накардааст? Шеър дар ҳама давру замонҳо чароғи нурафшон дар дилу дар ниҳоди инсонҳост, рӯшанӣ ба дилу ҷони онҳо мебахшад, раҳнамои онҳо дар ҷодаҳои зиндагӣ мешавад. Тамоми ангезаҳои рӯҳониии инсон: ишқ, меҳр, муҳаббат, орзуву армон, ҳасрату дард, нишоту ҳаяҷон, дарду ғусса… маҳз дар шеър баёни рушану муассир ва дилангез доштаанд.
Шеър раҳнамои инсонҳо дар роҳи расидан ба одоб, худшиносӣ, ватандӯстӣ, пайгирии ҳадафҳо ва идеалҳои бузург, ваҳдату озодӣ, муборизаҳо… гардидааст. Шеър шиори ғояҳои баланди инсон дар ҳамаи рӯзгорон будаасту ҳаст. Шеър оинаест, ки дар он тамоми ботини нонамои инсон, он чи бо чашм наметавон дид, ҷилвагар мешавад. Шеър таҷассуми бардошти эҳсосоти панҷ узви ҳиссии инсон аст.
Шеър метавонад чунон шуморо ба ҳаяҷон орад, ки гули ханда дар шохаи лабонатон бишукуфад, ё шабнами ашк дар нӯги мижгонатн бидурахшад, ё ба шумо ангезиш ва эҳсосоте диҳад, ки ба гуфтаи Лисонулғайб дастфишон аз сари ҷон бархезед…
Хулоса, шеър беҳтарин, баландтарин ва бузургтарин дастоварду дастовези инсоният дар тӯли ҳастии ӯст. Танҳо шеър қодир аст, ки вақт, замон , ҳастии гузаронро нигоҳ дорад ва ба он абадият бахшад, яъне шеър таҷассуми абадият аст ва ин баландтарин баҳост, ки метавон ба шеър дод.
Оё шеър кай пайдо шудааст ва аввалин шоир кӣ будааст? Ақидае ҳаст, ки нахустин ашъор дар рӯи замин дар асри 23-и то солшумории мо ба вуҷуд омадаву ба қалами шоира-коҳин- Энҳуду-анна тааллуқ дорад, ки дар борааш қариб маълумоте боқӣ намондааст. Духтарак дар васфи Инанн- худои ситораи субҳ ва дигар зуҳуроти илоҳӣ, ки ҳамон вақтҳо маъруф будаанд, навиштааст.
Аммо, ба гумони банда, пайдоиши шеърро ба номи ин ё он шоири аввалин мансуб донистан хатост. Гумон мекунам, аввалин фарёди одам ҳангоми ба дунё омадан худ шеър аст. Шеъре, ки пур аз розу ниёзҳо, пур аз эҳсосот, пур аз асрор, пур аз гуфтаҳои ногуфтанист. Илова бар ин, вақте, ки бори аввал тифл мегӯяд: -модар! Ин вожа дар он ҳолат он қадар саршори эҳсосоти ногуфтанист, ки шеър аст. Гумон мекунам, вақте инсон дар ғояти нишот ва ё ранҷу ҳасрату дард ҳама арзу армонашро дар як нидои: Эй, Худо! –баён медорад, низ шеър аст. Зеро бори ҳазорон розу ниёзро бар дӯш дорад, тобиши ҳазорон дарду ҳасрату армонҳоест, ки ки дар ҳамин як вожа баён шудаанд. Дар вартаҳои умеду ноумедӣ, дар ғояти хастагиву дарду нишот як оҳ-и инсон, ки аз қаъри дил ба забон меояд ва ҳазорон ногуфтаро мегӯяд, шеър аст. Як нидои исми ёр дар лаби ошиқи ғарқаи амвоҷи дарёи муҳаббат, сарфи назар аз он ки чӣ исмест, он қадар дурахши ишқу ҷилои меҳр дорад, ки бе гумон шеър аст.
Вақте ки эҳсосоти баланди инсонӣ тор-тори вуҷуди инсонро менавозад, шеър садо медиҳад. Ҳар вожае, ки инсон бо меҳр, бо самимият, бо муҳаббату дарду армони бузург ба забон меорад ва аз ҷисмаш, чунон,ки аз қӯраи оташини оҳангарон берун меорад ва инсон дар он вожа медурашад, ҷило медиҳад, хулоса мешавад, шеър аст.
Вақте ки офтоб дар як вожа дурахшон мешавад, вақте ки гул дар як вожа шукуфон мешавад, мешавад шеър, зеро шеър ҷилои муҳаббати худодод аст.
Вақте ки чашмаҳо бо ҳама зулолӣ дар вожаҳо меҷӯшанду ҷорӣ мешаванд, вақте ки вожаҳо болу пар мекушоянд ва чун мурғакон ба парвоз меоянд, мешавад шеър, зеро шеър покии рӯҳи инсон ва зулолии виҷдон аст.
Шеър акси офтобест дар як шабнами пок, гулханест фурӯзон дар гулвораи як вожа, ки метавон аз он рӯшан шуд ва метавон дар он дасту дили худро гарм кард.
Шеър оинаест, ки дар он ҳама зебоиҳои инсон, табиат, коинот таҷассуми шоирона ёфтааст. Оинае, ки аз тамоми гӯшаҳои дунё инсонҳо метавонанд ба он нигаранд, акси худ, акси дигаронро бубинанд. Як шеър метавонад миллионҳо одамонро ба ҳам бупайвандад, мисли шеъри Саъдии бузургвор, ки дар пештоқи маҷмааи ЮНЕСКО сабт шудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…,
Мисли рубоиёти Умари Хайём, ки дар сухани як нафар армони башарият баён ёфтааст, мисли “Маснавӣ”-и Мавлонои оламшумул, ки башариятро дар рӯбарӯи фалсафаи ҳастии ӯ мегузорад:
Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.
Шеър эъҷозест, ки шуморо дар танҳоии худатон бо миллионҳо нафар пайванд медиҳад ва шуморо шумо нигоҳ медорад. Танҳо шеър ба ин эъҷоз қодир аст, ки дар сари як эҳсос, як андеша ваҳдати инсониятро ба вуҷуд орад.
Шеър ҳунарест, ки дар худ ҳама ҳунарҳои дигарро ҷило медиҳад. Омезиши санъату ҳунарҳои тасвирӣ, мусиқӣ, кандакориву пайкаратарошӣ… дар як ҳунар шеър аст.
Роҳе, ки аз ҳама роҳҳо ва аз бероҳиҳо ба сӯи абадият, ба сӯи бениҳоят мебарад, ҳамин роҳи осмонии шеър аст.
Шоир бо рӯҳу ҷисми пок рӯ ба Худованд, рӯ ба рӯ бо абадият ба ниёиш мепардозад.
Агар шеър ниёиш ба Худованд нест, шеър нест! Агар шеър дуо нест, шеър нест! Зеро шеъри асил ҷилои имон аст.
Ҳама аз дард мегурезанд, танҳо шоир аст, ки дардро ба дил паноҳ медиҳад… Онро менавозад, таскин медиҳад, зеро ин дард дарди мост, зодаи мост, бегона нест. Ва чунон мекунад, ки агар ин дард ҳаст, бошад, вале таскин ёбад, вале гуворову ширин бошад.
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, — гуфтааст шоире.
Танҳо шоир аст, ки шодиро интишор медиҳад, чун офтобе болои сар бармедорад, то шукӯҳу гармии онро ба ҳамагон бирасонад…
Дар китобҳои муқаддас гуфтаанд: “Аввал калом буд ва калом Худо буд”. Лутфи сухан иҷозат медиҳад моилова бикунем: ва каломе, ки Худо буд шеър буд. Зеро он калом каломи одӣ набуд. Ва он маънои баланду пурэъҷозе, ки ин калом дорад, худ шеър аст.
Албатта, чунон ки Ҳофизи бузургвор гуфт:
На ҳар ки оина созад, сикандарӣ донад..,
На ҳар ки шеъргунае гуфтааст, шоир аст. Чунон ки устод Лоиқ зебову равон нигоштааст:
Ошиқ набувад, ҳар он ки марҷон дорад,
Шоир набувад, ҳар он ки девон дорад…
Бигзор шумо шоир набошед, аммо бо шеър бошед. Шеър гулхане дар ниҳоди шумост, ки вуҷуди шуморо гарму равшан мекунад, чашмаест саршор дар ниҳоди шумо, ки ба ботини шумо таровату покӣ мебахшад, чароғест фурӯзон дар чашму дили шумо, ки роҳи зиндагиву рӯзгоратонро мунаввар месозад. Аз ин рӯ бояд бошеър буд.
Як рубоии устод Рӯдакӣ, ки ҳазору анд сол пеш гуфта шудааст:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не ба д-он чашм, кандар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то ба д-он гузарӣ,
агар бо шумост, агар дар дилу дар лаби шумост, як умр шуморо дар ҷодаҳои неки инсонӣ раҳнамоӣ хоҳад кард, ба шумо ҳамарӯза тавону бовар хоҳад бахшид ва ҳаргиз кӯҳнаву дилбазан нахоҳад шуд. Ин аст эъҷози шеъри асил.
Дар мақому манзалати шеър гузаштагони бузурги мо на кам сухан кардаанд ва овардани танҳо суханони Низомии Ганҷавӣ кофист, ки манзалати шеър ва шоирро дарк кунем:
Пешу пасӣ ёфт сафи авлиё,
Пас шуаро омаду пеш анбиё.
Ин ду назар маҳрами як дӯстанд,
Ин ду чу мағз он дигарон пӯстанд.
Шеър туро садрнишинӣ диҳад,
Салтанати мулки маонӣ диҳад.
Миллати мо миллати шеър аст, миллати бадоҳатан шоир аст. Ва дар зиндагии тоҷиконаи мо, дар забони модарии мо аз як модари бехоб дар сари гоҳвора то як даҳмарда дар сари гулхани шаби канори кӯҳ, то як барзгар дар рӯи кафи саҳрои кишт, то як нафар бонуи зардӯз дар нимаи шабҳо, то ҳар нафари дигар шоиранд ва дар гуфтори ҳамарӯзаи худ сухан бо шеър мегӯянд, ноогоҳона шоирона ҳарф мезанад. Одитарин гуфтори халқи мо пуропур аз шеър аст. Далел? Ҳар қадаре мехоҳед. Ҳар ибораву ҳар вожеро, ки ба хотир оваред. Марҳамат, вожаҳо: сапедадам, дилафрӯз, андӯҳзо, шакарханд, нилуфар, гулрӯ, нӯшофарин, рӯҳафзо, диловар…. ва ҳазорони дигар. Ибораҳо: истиқболи гарм, табассуми ширин, сухани талх, қафаси сина,чархи замон, захми чашм, рехтани оби рӯ, суханро пеши по задан, абрҳои хашмгин, бори андӯҳ, алови чашм, дили шаб, чашми рӯз… низ ҳазорон ҳазор ибораҳои дар истеъмолбуда, ки ҳамеша ба забон меорем. Ҳамаи ин вожаҳову ибораҳо шеъри ноби халқанд, зеро бадеият доранд, зеро саршори санъатҳои шеъриянд. Масалан, вожаи сапедадам, ба ҷойи саҳар. Сапедадам, тасвири шоиронаи саҳар аст, ки дамидани сапедаро, ки ҳам истиора асту ҳам тасвири саҳар, пеши назар ҷилвагар месозад. Метавон ба д-ин тариқ идома дод ва шеърияти ҳама вожаву ибораҳои овардашударо нишон ва шарҳ дод.
Ва забони модарии мо дар ҳама дунё забони шеър эътироф шудаву бузургтарин шоиронро ба арсаи вуҷуд овардааст.
Бале, 21-уми март, оғози соли нави ҷамшедӣ, оғози баҳори фаррухпай, оғози Нарӯзи дилафрӯз Рӯзи байналмиллалии шеър аст. Аммо барои миллати мо, барои тоҷикон ҳар рӯз рӯзи шеър аст, зеро ин миллати соҳибтамаддун ва фарҳангпеша бо шеър нафас мекашад, бо шеър зиндагӣ мекунад ва худро дар ҳамин оинаи адабу фазилат мебинаду меорояд. Аз ин рӯ симои шоирона дорад, аз ин рӯ ҳам ботинану ҳам зоҳиран тозарӯву зебост.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ “Ховар”