Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад

Март 9, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 09.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад. Ин фестивал бо мақсади иҷрои банди 23-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи арбобони театр ва  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии байналмилалии  фарҳангӣ  вазифадор карда шудаанд.

Дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл» театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон ва дигар кишварҳо бо намоишномаҳои беҳтарин иштирок мекунанд.

Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Тавре масъулини баргузории фестивал иброз доштанд, Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» як иди волои санъати асил аст ва пеш аз ҳама, туҳфаи беҳтарин барои тамошобинони хурдсол мебошад. Дар баробари ин шинос шудан бо ҳунари лӯхтакбозони мамлакатҳои хориҷӣ низ аз манфиат холӣ нест, чунки он на танҳо ба ҳамкории тарафайн, балки ба инкишофи ин навъи санъати театрӣ, пайдо шудани асарҳои нав, табодули таҷрибаи ҳунармандони давлатҳои гуногун ва тарбияи насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 9, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид