Ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13 марти соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти Ризо Назарзода, муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Борис Гришин, директори департаменти сиёсати давлатии соҳаи варзиш ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати варзиши Федератсияи Россия доир гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур дар заминаи ба имзо расидани ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Россия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор шуд. Ҷонибҳо доир ба ҳалли масъалаҳое, ки дар доираи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли равон баррасӣ шуда буд, ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла рушди оммавияти варзиш ва таҳкими муносибатҳои сифатан нави ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Дар охири мулоқот Ризо Назарзода аз Осорхонаи давлатии варзиши Федератсияи Россия дидан намуд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






