Армуғони наврӯзии Вазорати молияи Тоҷикистон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб
ДУШАНБЕ, 18.03.2017./ АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди Наврӯз бо мақсади рӯҳбаланд намудани тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он кӯдакони ин муассисаро бо либос, пойафзол, тухфаҳои идона ва маводи ғизоӣ таъмин карда шуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд, дар ин иқдом инчунин роҳбарон ва кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб ва Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб саҳми худро гузошта, барои толибилмон туҳфахои идона ва дастурхони идонаи наврӯзӣ оростанд.
Тарбиятгирандагони мактаб-интернат бахшида ба иди Наврӯзи Аҷам барномаи консертии худро бо шеъру тарона ва рақсу сурудхонӣ пешкаши ҳозирин намуданд.
Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб аз соли 1997 дар заминаи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Дар оғози фаъолият интернат тавонист 103 ятимро ба таълим фаро гирад.
Аз 12 январи соли 2008 инҷониб Вазорати молияи кишвар сарпарастии ин мактаб-интернатро бар зимаи худ гирифта, ҳамасола дар ҳамаи иду ҷашнҳо бо кумакҳои моддиву маишӣ толибилмони ин даргоҳро таъмин менамояд.
Дар айни замон 270 нафар тарбиятгиранда бо шароити хуби буду бош ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






