Арзи сипоси Рустами Эмомалӣ ба аҳли фарҳанг
ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли 2017 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» тантанаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикотӣ кулли ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза таҳният гуфтанд.
Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои театрикунонидашудаи устодони ҳунар ва ҳаваскорони ҷавони санъат, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ мебошад, ҷараён гирифт ва бо мушакпарронии идона аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Ба хотири дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ омода ва пешниҳод намудани тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба аҳли фарҳанг, бахусус ба эҷодкорону санъаткорон, коргардону дизайнерон, продюссеру қаламкашон, ҳунармандону ҳаваскорон, овозхонону ромишгарон, дорбозону варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки дар ба таври пуршукӯҳ ҷараён гирифтани барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ саҳми арзанда гузоштанд ва сарфи назар аз номусоидии обуҳаво бо маҳорати баланди ҳунариву касбӣ онро пешкаши сокинони сершумори пойтахт ва меҳмонони дохилу хориҷи кишвар карданд, арзи сипос намуд.






































Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






