Ашт: Оғози тантанаҳои наврӯзӣ бо пешниҳоди маҳсули дасти бонувони ҳунарманд
ДУШАНБЕ, 18.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Атлас зеби занон»-и ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт тантанаи наврӯзӣ доир гардид, ки дар он бонувони ҳунарманди ноҳия маҳсули кори худро ба намоиш гузоштанд.
Тавре Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иброз намуд, дар тантанаи Наврӯзӣ бонувони ҳунарманди ноҳия маҳсули кори худро ба намоиш гузошта, ҳамзамон дастархони идона оростанд. Зимни баргузории маҳфили наврӯзӣ бонувони ҳунарманд дар васфи баҳору Наврӯз шеъру сурудхонӣ карданд.
«Дар ноҳияи Ашт занон ба қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ ва атласу адрасбофӣ машғул ҳастанд. Бонувони ҳунарманд дар марказҳои ҳунаромӯзӣ ба ҷавондухтарон ҳунар меомӯзонанд, ки ин барои таъмини рӯзгори онҳо дар оянда мусоидат мекунад»,-баён дошт зимни суҳбат Обода Каримӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






