Аввалин голи Нозим Бобоҷонов дар чемпионати Баҳрайн
ДУШАНБЕ, 07.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нозим Бобоҷонов, ки имсол шарафи дастаи «Баҳрайн»-ро ҳимоя мекунад, дар вохӯрии даври навбатии чемпионати Баҳрайн бо КФ «Ал-Риффа» ба задани аввалини голи худ мушарраф шуд. Ӯ дар дақиқаи 39-ум бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвоза карда , ҳисобро кушод. Аммо соҳибони майдон дар нимаи дуюми бозӣ баъди зарбаҳои Саъд ал-Амир (56-ум дақиқа) ва Данило Буэно (90) ду маротиба тӯбро аз дарвозаашон гирифтанд ва бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд.
Дастаи «Баҳрайн» баъди 12 давр, бо касби 7 имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
10 март клуби Нозим Бобоҷонов дар сафар бо дастаи «Манама» қувва меозмояд.








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






