Аёдати сарбозон дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай ва дар доираи Соли ҷавонон сарбозоне, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пойтахти мамлакат адои хизмат менамоянд, аёдат карда шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ин иқдом аз ҷониби Комил Салимзода, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳандозӣ шуда, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Зулола Анварӣ, муовини Раиси ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба шаҳри Душанбе барои шинос шудан бо шароити хизмати сарбозон, аёдат ва супоридани туҳфаҳои раиси ноҳия омаданд.
Дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе 48 нафар ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов хизмат менамоянд. Гурӯҳи корӣ ба қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллӣ, қисмҳои ҳарбии 08010, 06870, 10040 ва 02615 сафар намуда, бо шароити зисти сарбозон шинос гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






